Ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар соҳаи тиб
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Дирўз, 23-юми октябр вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзод ва намояндаи Бонки рушди Олмон Олга Геффеле шартнома оид ба пешниҳоди кӯмаки молиявӣ (грант) ба барномаи соҳаи тандурустиро имзо карданд.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд, тибқи ин ҳуҷҷат Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои татбиқи давраҳои 2-юм, 3-юм ва 4-уми лоиҳаи «Ҳифзи саломатии модару кўдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ» беш аз 31 млн. евро ҷудо менамояд. Гуфта мешавад, ки дар доираи барномаи мазкур қаблан 10 млн. евро барои давраи аввал ҷудо шуда буд, ки он ҷиҳати такмили соҳаи тандурустӣ ва таҷдиди таваллудхонаҳо барои расонидани ёрии таъҷилӣ дар беморхонаҳои марказии вилоят ва ноҳияҳои вилояти Хатлон равона шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






