Ҳамкории Чехия ва Тогҷикистон
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Мавзӯи асосии мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо Сафири Чехия дар Тоҷикистон Гинэк Пэйха, ки охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, шиносоӣ бо фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва роҳандозии ҳамкории судманд буд. Дар ин бора аз маркази матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Шариф Саид меҳмонро бинобар ба мансаби сафир таъин шуданаш муборакбод карда, дар бораи имкониятҳои бузурги Тоҷикистон, самтҳои асосии ба сармоягузорӣ ниёздоштаи иқтисодиёти кишвар нақл карда, соҳаи нерӯи барқ, саноати сабук ва коркарди маҳсулот, ҳамчунин бахши сайёҳиро ба таври махсус хотирнишон сохт.
Сафир дар навбати худ дар бораи иқтисодиёт ва имконоти содиротию сармоягузории Чехия нақл карда, хабар дод, ки ширкатҳои Чехия ҷонибдори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахши гидроэнергетика, саноати истихроҷи маъдан, сабук ва коркарди ашёи хом мебошанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






