Ҳамоиши илмӣ бахшида ба Рӯзи забон
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — 2 октябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ бахшида ба Рӯзи забон таҳти унвони «Рушди забони миллӣ дар замони истиқлол» баргузор гардид. Ҳамоишро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов ифтитоҳ намуд. Дар ҳамоиш инчунин профессор Сайфиддин Назарзода дар мавзӯи «Рушди забони тоҷикӣ дар давраи истиқлол», профессор Баҳриддин Камолиддинов дар мавзӯи «Истиқлолият ва забони миллӣ», доктори илмҳои филологӣ М.Султонов доир ба «Забони илм, таърих ва дурнамои он» маърӯза карданд. Дар фарҷом номзади илмҳои филологӣ М.Саломов бобати «Андешаҳо доир ба даврабандии инкишофи забони тоҷикӣ» маърӯза намуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






