Ҳамоиши сатҳи баланд оид ба муҳоҷирати байналмилалӣ
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Рӯзҳои 3-4- уми октябри соли ҷорӣ дар қароргоҳи СММ, воқеъ дар шаҳри Ню- Йорки ИМА дар доираи баргузории Иҷлосияи 68-уми Маҷмаъи умумии СММ муколамаи сатҳи баланд оид ба муҳоҷирати байналмилалӣ ва рушд баргузор мегардад. Дар кори ин чорабинии байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Маҳмадамин Маҳмадаминов намояндагӣ мекунад. Гуфта мешавад, ки дар муколама иштирок ва суханронии роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви СММ ва ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар назар дошта шуда, масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати байналмилалию минтақавӣ ва тадбирҳои бехдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ барои таъмини рушди воқеии устувор баррасӣ мегарданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






