Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Дӯстдорони таърихи гузаштаву имрӯзаи тоҷик соҳиби туҳфаи бебаҳо гаштанд. Акнун онҳо соҳиби китобе гардиданд, ки дар асоси сарчашмаҳои муътамад таърихи бостонии Ҳисори шодмонро аз замонҳои хеле қадим ба таври муъҷаз, фаҳмо ва хотирмон ҳикоят мекунад. Китоб «Ҳисори шодмон: аз бостон то ин замон» ном дошта, муаллифии онро адибони номдор Фатҳуллои Азиз ва Султонмуроди Одина бар уҳда доранд. Китоб дар нашриёти «Маориф ва фарҳанг» нашр гардид.
Омӯзиши суботкоронаву истифода аз бойгониҳо ба муаллифон имкон дод, ки таърихи гузаштаю ҳозираи Ҳисорро аз нигоҳи таҳқиқу таҳлили дақиқкорона гузаронида, асари хонданбоб таълиф намоянд. Китоб туҳфаи хубест барои хонандагон дар арафаи ҷашни 3000-солагии куҳандиёри Ҳисор, ки соли 2015 ботантана таҷлил мегардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






