Ҳоҷии тоҷик дар Макка қурбони садама шуд
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Ба иттилои сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Резвонӣ дар мавсими имсолаи Ҳаҷ-2013 ду тан аз зоирони тоҷик бар асари ҳодисаҳои нобаҳангом ҷон бохтаанд.
Ба нақл аз сомонаи расмии Кумитаи оид ба корҳои дин «Одинаев Талбак, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, соли таваллудаш 11.12.1940 дар таърихи 06.10. 2013 бар асари як садамаи автомобилӣ ва ҳоҷии дигар Қулматов Абдувалӣ, сокини ноҳияи Мастчоҳ, деҳаи Навбаҳор, соли таваллудаш 07.10.1942 дар санаи 07. 10.2013 бо марги нобаҳангом дар шаҳри Маккаи мукаррама вафот кардаанд».
Гуфта шуд, ҳар ду зоири тоҷик дар Хонаи Худо ҷаноза ва дар қабристони “Шароеъ” ба хок супорида шудаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






