Ҳукми қатл: бошад ё набошад?
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Намояндагони шуъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябри соли ҷорӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ мулоқот намуданд. Ҳадафи вохӯрӣ баррасӣ ва муҳокимаи мавҷудияти ҳукми қатл дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Ҳамоишро муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим Тоир Гулов ифтитоҳ карда, мудири шуъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯров, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тақдиршо Шарифов ва сарвари Лигаи занони ҳуқуқшинос Зебо Шарифова пиромуни татбиқ ва ё аз байн бурдани ҷазои қатл андешаҳои хешро изҳор доштанд, -хабар дод котиби матбуоти донишгоҳи мазкур Бахтиёри Абдураҳим..Зикр гардид, ки мавзӯи мазкур мавриди омӯзиши олимону муҳаққиқони соҳаи ҳуқуқ мебошад. То замони истиқлолият ҷазои қатл тибқи Кодекси ҷиноятӣ, ки соли 1961 қабул шуда буд, ба 44 намуди ҷиноят пешбинӣ мегардид. Баъди қабули Кодекси нави ҷиноятӣ соли 1998 ба 15 навъи ҷиноят ҳукми қатл раво дониста шуд. Соли 2003 ба кодекси мазкур тағйиру иловаҳо дохил гардид ва барои 5 намуди ҷиноят-куштор, таҷовуз ба номус, терроризм, геносид ва биосид ҷазои қатл муайян шуд. Соли 2004 ба ҷазои қатл 10 сол моратория эълон гардид. Дар асоси паймонҳои байналхалқие, ки мамлакати мо онҳоро эътироф кардааст, аз мо тақозо мешавад, ки ҳукми қатлро аз қонунгузорӣ батамом бардорем ва ё дар амал татбиқ намоем. Бинобар ин дар айни замон дар кулли манотиқи кишвар назарпурсиҳо доир мегарданд. Дар давлатҳои собиқ Шӯравӣ танҳо дар Беларус ҷазои қатл вуҷуд дораду халос. Дар Русия ба монанди ҷумҳурии мо ба ҳукми қатл моратория эълон шудааст. Боқии кишварҳо ин ҳукмро аз низоми қонунгузориашон бардоштаанд.Аз мулоқоти мазкур хулоса намудан ҷоиз буд, ки аксарият хоҳони аз байн бурдани ҷазои қатл мебошанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






