Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ …

Октябрь 11, 2013 15:13

        Душанбе, 11 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 160 нафар ҷавонони тоҷик дар Маркази таълимии калонсолони ноҳияи Шоҳмансури Душанбе курсҳои омӯзиши дӯзандагӣ ва барномасозии компютерро хатм намуда, соҳиби сертификат гардиданд. Коргоҳҳои омӯзиши ҳунари дӯзандагӣ ва омӯзиши барномаҳои компютер дар Маркази таълимии калонсолони ноҳияи Шоҳмансур бо иқдоми дафтари намояндагии   Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ноҳияи Шоҳмансур се моҳ қабл созмон дода шуда буд. Дар ин муддат дар коргоҳҳои мазкур 120 нафар ҳунари  дӯзандагӣ ва 45 нафар касби барномасозии компютерро омӯхтанд. 
          Дар маросими анҷоми давраи аввали касбомӯзии ҷавонон Саидмаҳдӣ Ибодӣ -раиси дафтари намояндагии  Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар  Тоҷикистон, Файзӣ Қосимова- муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур, Асомиддин Насриддинов, раиси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шоҳмансур ва  Исмоил Сангмадов -раиси маркази таълими  калонсолони ноҳияи мазкур иштирок намуда, ҷавононро бо хатми давраи ҳунаромӯзӣ табрик намуданд. Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати иҷтимоии худ ҷиҳати касбомӯзии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида, шароити мусоидро фароҳам овардааст. Ҷавонон бояд дар мавриди омӯзишӣ касбу ҳунар саъю талош намоянд, зеро шахси боҳунар ҳеҷ гоҳ ба дигарон муҳтоҷ нагардида, ризқу рӯзии худро аз рӯи ҳунари андухтааш тавассути меҳнати ҳалол дармеёбад ва дар ҷомеа мавқеъ ва нуфуз пайдо мекунад.
      Дар фарҷоми маросими хатми давраи омӯзиш ба 4 нафар устодони давраи мазкур мукофоти пулӣ ва ба коромӯзи беҳтарин як адад мошинаи дарздӯзӣ тақдим карда шуд.
 

Октябрь 11, 2013 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд