ҶАҶ ва Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкорианд
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 22 октябр дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мулоқоти раиси палата Шариф Саид бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон (қароргоҳаш дар шаҳри Остона) Шириш М. Сони баргузор гардид. Тавре ки маркази матбуоти ПСС ҶТ хабар медиҳад, мақсад аз ташрифот рушди ҳамкорӣ дар бахши тиҷорату соҳибкорӣ мебошад. Шариф Саид аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл карда, бахшҳои нерӯи барқ, мошинсозӣ, саноати коркарди маводи ашёи хом ва соҳаи сайёҳиро ба таври махсус қайд намуд. Шириш М.Сони дар навбати худ зикр кард, ки Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ хоҳони ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самтҳои саноати истихроҷи маъдан ва сайёҳӣ мебошад. Хотирнишон месозем, ки ин мулоқоти дуюм дар Палатаи савдо ва саноат ба шумор рафта, зимни мулоқоти аввал созишномаи ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Африқои Ҷанубӣ имзо шуда буд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






