Ҷаласаи ғайринавбатии саҳҳомони «Агроинвестбонк»
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 16 октябр ҷаласаи ғайринавбатии саҳҳомони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» баргузор гардид, ки дар он саҳҳомон, аъзои мушоҳидони шуро ва роҳбарияти бонк ширкат доштанд. Тавре ки аз Дафтари матбуоти «Агроинвестбонк» хабар доданд, дар ҷаласа масоили марбут ба интихоби аудитори хориҷии бонк барои тафтиши ҳисоботи молиявӣ тайи соли молиявии 2013, пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколатҳои ҳамаи аъзои шурои мушоҳидони бонк ва интихоби аъзои шурои нави он мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масоили баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Дар ҷаласа роҳбари маъмурияти муносибатҳои байналмилалӣ, ҳисоботу таҳлили молиявии «Агроинвестбонк» Муҳаммадӣ Бобоев, проректори бахши таълими Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимов, мушовири иқтисодӣ оид ба Осиёи Марказии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон Собир Қурбонов, муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати бахши иқтисодиёт Фаррух Ҳамралиев аъзои шурои мушоҳидони бонк интихоб шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






