Ҷаласаи навбатии КМИР ҶТ
Душанбе, 24 октябр (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 24 октябри соли 2013, таҳти раёсати Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он якчанд масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Нахуст масъалаи тартиби нобуд кардани бюллетенҳо ва варақаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» КМИР қарор намуд, ки баъди ҳисоби овозҳо бюллетенҳои интихоботӣ ва варақаҳои интихоботӣ аз ҷониби комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти ҶТ (дар шакли мӯҳрзада, алоҳида басташуда) ба комиссияҳои интихоботии дахлдор супорида шуда дар он ҷо то давраи дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ савганд ёд кардани Президенти интихобшуда нигоҳ дошта шаванд. Инчунин мувофиқи қарори КМИР, комиссиҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти ҶТ тамоми бюллетенҳои интихоботӣ ва варақаҳои интихоботро оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури раисон ва котибони комиссияҳои участкавии интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти ҶТ нобуд месозанд ва санад тартиб дода, онро ба КМИР пешниҳод менамоянд. Дар санад бояд миқдори умумии бюллетенҳо ва варақаҳо дар ҳар як участка ба алоҳидагӣ нишон дода шуда, аз ҷумла бюллетенҳои ботилшуда, боэътибор ва беэътибор донисташуда зикр мегарданд. Пасон масъалаҳои аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ДНДҲИ/САҲА), аз Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ), Парлумони Аврупо ва Ассамблеяи Парлумони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (АП /САҲА) баррасӣ шуданд.Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси дархостномаҳои пешниҳодгардида намояндагони ниҳоду ташкилоти дар боло қайдшуда ба ҳайси нозирони байналмилалӣ аккредитатсия карда шуда, ба онҳо шаҳодатнома дода мешавад.Оид ба ҳар яке аз масъалаҳои мазкур КМИР қарори дахлдор қабул намуд. Сипас КМИР дар бораи аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иёлоти Муттаҳидаи Америка (ИМА), Ҷумҳурии Халқии Чин, Британияи Кабир ва Фаронса қарорҳои дахлдор қабул намуд, ки тибқи онҳо намондагони ин кишварҳо ба ҳайси нозирони байналмилалӣ аккредитатсия карда шуда, ба онҳо низ шаҳодатнома дода мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти КМИР иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






