Ҷалби шаҳрвандон ба суғурта
Кӯлоб, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар минтақаи Кӯлоб ҷалби шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо, соҳаҳои фарҳанг, маориф, тибб ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба филиалҳои суғуртавӣ бештар гардида, шартномаи онҳо нисбат ба суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмӣ афзоиш меёбад. Ба гуфти директори филиали КВД «Тоҷиксуғурта»-и минтақаи Кӯлоб Абдуғаффор Давлатов дар ин муддат кормандони филиалҳои мазкур бо 33 ҳазору 42 шахсони ҳуқуқию воқеӣ шартномаи суғуртавӣ бастаанд, ки аз ин шумора 6 ҳазору 749 нафарашон ба намудҳои ҳатмии суғурта ва 26 ҳазору 593 нафарашон ба намуди суғуртаи ихтиёрӣ мансубият доранд. Дар ин самт масъулини филиалҳои ноҳияҳои Муъминобод, Шӯрообод, Восеъ, Кӯлоб, Данғара, Ҳамадонӣ ва Ховалинг пешсафанд. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи филиалҳо ба 519 нафар шаҳрвандоне, ки молу амволашон нобуд гардидааст, инчунин ба шаҳрвандоне, ки ба ҳаёташон осеб расидааст, ба андозаи 245 ҳазору 486 сомонӣ талофии зарар чуброн шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






