Ҷалби занону духтарон ба касбомӯзӣ
Ҳамадонӣ, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Бо мақсади ҷалби занону духтарони маҳаллӣ ба касбомӯзӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо маблағгузории ҳокимияти давлатии ноҳия як маркази нави касбомӯзии дӯзандагӣ фаъол гардонида шуд, ки баъди хатми он занону духтарон соҳибкасб гардида, дар корхонаҳои дӯзандагӣ ба кор ҷалб мешаванд. Ба марказ аллакай беш аз 60 нафар занону духтарони маркази ноҳия ва деҳоти атроф худро сабти ном кардаанд. Ба маркази мазкур 4 адад дастгоҳи дарздӯзии муосир аз ҷониби бахши занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва чор адади дигар аз ҷониби ҳукумати ноҳия дастрас шудааст ва рӯзҳои наздик боз 8 адад дастгоҳи дарздӯзии дигар ба марказ оварда хоҳад шуд. Чунин марказҳо ва коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ дар марказҳои ҷамоатҳои деҳот фаъол гардонида шуда ва садҳо нафар занону духтарон дар онҳо касб меомӯзанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






