Ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи ҷавонон
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 11 октябри соли равон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар фаъолияти нуҳмоҳаи соли 2013 ҷамбаст намуд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд, дар ҷаласа намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, раиси кумита ва роҳбарону кормандони сохторҳои дастгоҳи марказӣ, сардорони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Гуфта мешавад, ки дар ҳисобот фаъолияти кумита дар нуҳмоҳаи соли 2013, самтҳои асосии фаъолият ва як силсила масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси кумита Маликшо Неъматов натиҷаҳои фаъолиятро дар давраи ҳисоботӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз беҳбудии тадриҷӣ дар раванди татбиқи барномаҳои давлатии соҳа сухан ба миён овард.
-Ҷалби ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву фарҳангиву иқтисодӣ, тарбияи насли солим, рушди соҳаи варзишу сайёҳӣ, расидан ба натиҷаҳои хубтар ҳамаҷониба бояд талош варзем, таъкид дошт Маликшо Неъматов дар ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






