Ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Вазорати энергетика
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ “Ховар”, Фарзона Ашӯрмадова).- Аз рўи маълумоти фаврӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон 6 млрд. 691,9 млн. сомониро ташкил додаааст.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати энергетика ва саноати кишвар хабар доданд, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 104,1 дарсад баробар шуд, ки ин нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2012 ба маблағи 265,9 млн. сомонӣ зиёд аст. Ба иттилои манбаъ, дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ-сентябри соли равон ба маблағи 823 млн. сомонӣ (12,3%-и маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ, афзоиш дар 9 моҳ 271,3 млн.сомонӣ) ва дар саноати коркард ба маблағи 4 млрд. 437,8 млн.сомонӣ (66,3%-и маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ) маҳсулот истеҳсол гардидааст. Дар соҳаи истеҳсолу тақсими қувваи барқ, газ ва об ба маблағи 1 млрд. 431,1 млн. сомонӣ ё 21,4%-и маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ истеҳсол гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсол дар 9 моҳ 85 млн. сомониро ташкил дод.Гуфта мешавад, ки дар ин давра корхонаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноат ба маблағи 2 млрд. 768,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро дар 9 моҳ ба 124,2% (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 540 млн. сомонӣ зиёд) расонданд.Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар тамоми раёсатҳои соҳавии вазорат таъмин гардида, истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ 4,7 баробар, маводи сохтмон 2,4 баробар, соҳаҳои мошинсозӣ 169%, саноати сабук 126,2%, ангишт 124,2%, маъдани кўҳӣ 117,2% ва электроэнергетика 102,3% -ро ташкил додаст. Ҳамчунин корхонаҳои соҳаи хўроквории системаи вазорат дар 9 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш ба 126,8% расонидаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






