Ҷараёни ҷамъоварии пахта дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).-Тибқи маълумотҳои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 191 330 гектар кишти пахта гузаронида шудааст. Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта имсол дар ҷумҳурӣ 406 ҳазору 498 тоннаро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки то санаи 7-уми октябри соли равон дар ҷумҳурӣ ба миқдори 281 ҳазору 558 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 69,3 фоизи дурнамо мебошад.Зиёда аз 191 ҳазор нафар чинакчиён дар пахтазори ҷумҳурӣ машғули ҷамъоварии ҳосили пахта мебошанд. Соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон дар майдони 128123 гектар кишти пахта гузаронида шудааст. Дурнамои истеҳсоли пахта дар вилоят 270 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар айни замон дар вилоят зиёда аз 207 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 76,7 фоизи дурнамо мебошад. Кишоварзони ноҳияҳои Сарбанд, Қурғонтеппа дар вилоят авалин шуда, аз иҷрои дурнамои пахта баромаданд. Инчунин ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Хуросон, Панҷ дар вилоят пешсафанд. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии ҶТ иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






