26 садама дар як ҳафта
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Аз аввали соли ҷорӣ то ба имрўз дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 1116 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 354 нафар ба ҳалокат расида, 1236 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.
Аз 7 то 13 октябри соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 26 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 8 нафар ба ҳалокат расида, 28 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.
Роҳбарияти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар рўзҳои иди Қурбон ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намуда, маданияти баланди шаҳрвандиро ба ҷо оранд. Ҳамчунин аз волидон хоҳиш мешавад, ки дар рўзҳои ид нисбат ба фарзандони худ беаҳамият набошанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






