А. Шеърдӯст: «Ба ин сарзамин дилбастагии амиқ дорам»
Душанбе, 11 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Равобити мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон дар ҷараёни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва Алиасғари Шеърдӯст-Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе матраҳ гардиданд.
Ш. Зуҳуров, ки А. Шеърдӯстро дар робита ба анҷом ёфтани фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт, гуфт: гарчанде, ки Тоҷикистону Эронро муштаракоти таърихиву фарҳангӣ бо ҳам мепайвандад, танҳо дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоиди ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодиву фарҳангӣ байни ду кишвар фароҳам омад.
Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон гуфт, ки байни ду кишвар дар самти равобити иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ заминаи ҳуқуқӣ вуҷуд дорад. Мавсуф нақши Эронро дар бунёди иншооти бузург, корхонаҳои муштараки саноатӣ ва таъсиси марказҳои фанниву фарҳангӣ ва хайриявӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард.
— Танҳо равобити воқеан дӯстонаву самимона ва дипломатияи солим метавонад мавқеи моро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намояд, таъкид кард Ш. Зуҳуров. Раиси Парлумони Тоҷикистон гуфт, ки саҳми мардумони тоҷику эронӣ дар тамаддуни ҷаҳони муосир ҷилои собиқаашро аз даст надодааст. Дар саддаи 21 мардумони эронинажод дар назди дастовардҳои бузурги ниёгонашон дар тамаддуни ҷаҳонӣ масъулияти гароне бар дӯш доранд. Ин рисолатро мо метавонем муштаракан амалӣ намоем. Мо масоили марбут ба забон ва фарҳанги муштаракро дар муносибатҳои хеш бояд бештар рӯи кор оварем. Ҳуввияти таърихию фарҳангии тоҷику эронӣ ҷудоинопазир аст. Эҳё намудани ҳуввияти муштарак ниёз ба ҳамкориҳои ҳамаҷониба дорад. Итминони комил дорем, ки ин падидаҳои муҳим ва таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Эрон мусоидат менамоянд.
Дипломатии эронӣ гуфт, ки ҳангоми фаъолияти дипломатиям ба Тоҷикистон нисбат ба ин сарзамин дилбастагии амиқ пайдо кардам. Минбаъд дар кадом вазифае ки фаъолият намоям, ба манфиати мардуми тоҷику эронӣ хизмат мекунам, -гуфт А. Шеърдӯст.
Мавриди зикр аст, ки сафири Эрон А. Шеърдӯст зимни фаъолияти дипломатиаш дар тақвияти равобити ҳасанаиТоҷикистону Эрон, хусусан дар бахши ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ напқш муҳим гузоштааст. Маҳз бо кӯшишҳои Шеърдӯст дар Эрон беш аз 200 китоби шоирону нависандагони тоҷик чоп шудааст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои А. Шеърдӯстро дар бахши адабиёт ва илму фарҳанг қадр намуда, ӯро бо ҷоизаи «Рӯдакӣ» сарфароз гардонид.








23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






