Афзоиши ҳаҷми пасандозҳо
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар, Л. Қосимова).- Бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии мамлакат дар охири сентябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 фоиз афзуд. Таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо аз 1’926,9 млн. сомонӣ ё 36,2 фоиз пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 3’395,1 млн. сомонӣ ё 63,8 фоиз пасандозҳои шахсони воқеӣ иборат мебошад. Фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ бо пули миллӣ ба 15,67 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 11,34 фоизи солона баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,22 фоиз ва 2,05 фоиз паст мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






