Афзоиши истеҳсоли ғалла дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Корхонаҳои соҳаи ғаллаи Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти мунтазам ва истеҳсоли маҳсулоти нав, афзоиш ва истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом ва бозорҳои ватанӣ бо маҳсулоти маҳаллӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонданд. Тавре ки дар ин бора аз Вазорати энергетика хабар доданд, дар муддати нуҳ моҳ ба ҷумҳурӣ 408003,0 тонна ғалла ва 147531,2 тонна орд ворид шудааст. Истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои соҳа ба 27,1 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 млн сомонӣ зиёд мебошад. Гуфта мешавад, ки дар ин давра дар коргоҳҳои истеҳсоли картошкаи бирён «Чипси», макарон, семечка бо иқтидори 640 тонна дар як сол дар заминаи корхонаи амалкунандаи ҶДММ «Макколӣ»-и шаҳри Душанбе корхонаи орд бо иқтидори истеҳсоли 200 тонна орд дар як шабонарўз, корхонаи орди хозиразамони ҶММ «Стелла»-и шаҳри Душанбе бо иқтидори коркарди 120 тонна ғалла дар як шабонарўз, корхонаи «Ғаллаи Суғд»-и ноҳияи Б.Ғафуров иловатан бо як осиёби туркӣ бо иқтидори коркарди 100 тонна ғалла дар як шабонарўз фаъолияти истеҳсолӣ ба роҳ монда шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






