Амалиёти бобарори мақомоти амнияти миллӣ
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Чанде қабл аз тарафи кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Маҳмудов Баҳромҷон Баротович, соли таваллудаш 1983, сокини кӯчаи Гулистони шаҳри Истаравшан боздошт гардид. Зимни азназаргузаронии шахсии Баҳромҷон Маҳмудов аз ӯ ба миқдори 1 килограмму 520 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки чорабинии дигари фаврӣ-ҷустуҷӯйиро кормандони Раёсати Кумита дар ВМКБ якҷоя бо марзбонон дар минтақаи наздисарҳадии Даштаки ноҳияи Ванҷ анҷом доданд. Ҳангоми пешбурди амалиёт миёни хизматчиёни ҳарбӣ ва қочоқчиён задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷа сарҳадшиканон маҷбур шуданд ба самти Афғонистон фирор намоянд. Дар ҷойи ходиса 3 килограмм маводи мухаддир, 2 автомати Калашников ёфта гирифта шуд.
Ҳамин гуна амалиёт аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ҳудуди минтақаи сарҳадии «Навобод»-и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон роҳандозӣ гардид. Дар ҷараёни задуҳӯрд қочоқчиён борро партофта, ба қаламрави Афғонистон паноҳ бурданд. Зимни азназаргузаронии макони ҳодиса ба миқдори 10 килограмм бангдона дарёфт ва мусодира шуд.
Дар айни замон нисбат ба қазияҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд, тафтишоти пешакӣ давом дорад.
Маврид ба ёдоварист, ки зимни татбиқи чорабиниҳои ҳадафмандонаю нишонрас дар самти ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои алоқаманд ба қочоқи маводи мухаддир, бо мақсади роҳ надодан ба интиқоли онҳо аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Аврупо кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар маҷмуъ аз аввали соли равон 1 тоннаю 474 килограмм маводи нашъаовар, аз ҷумла 194,8 килограмм героин, 621 килограм ҳашиш, 114 килограмм афюн, қариб 500 килограмм мухаддироти гуруҳи бангдонаро мусодира намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






