Анҷумани ҷумҳуриявии «Дружиначиёни ихтиёрӣ»
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Cубҳи имрӯз дар Кохи «Ваҳдат» Анҷумани ҷумҳуриявии «Кормандони ғайриштатии милитсия» ва «Дружиначиёни ихтиёрӣ» бо иштироки вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Бобошоев, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, собиқадорони мақомот, аъзои дружинаҳои халқӣ ва сардорони ситодҳо аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни Анҷумани ҷумҳуриявӣ Рамазон Раҳимов пешниҳод намуд, ки озмуни «Корманди беҳтарини ғайриштатии милитсия» ташкил гардида, ба ғолиб манзили истиқоматӣ тақдим шавад.
Бо Фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гуруҳ кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ Сипоснома ва туҳфаҳои арзишнок — соати дастӣ ва телефони мобилӣ тақдим гардид.
Дар ҷараёни Анҷумани ҷумҳуриявӣ роҳбари Бюрои САҲА дар Тоҷикистон А.Лингвистон аз «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» ва имзои он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, зикр кард, ки барои татбиқи ин стратегия кормандони ғайриштатии милитсия ва дружинаҳои ихтиёрӣ низ бояд саҳми арзандаи худро гузоранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






