Аёдати Сарвари давлат аз сарбозони маҷруҳ
Душанбе, 16 октябр (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шифохонаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар гарнизони ҳарбии Суғд ташриф оварда, аз ҳоли сарбозоне, ки чанд рӯз пеш дар қатораи роҳи оҳан дучори садама шуда буданд, хабар гирифт.
Зимни боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шифохонаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар гарнизони ҳарбии Суғд, ки дар шаҳри Чкалов қарор дорад, аз ҷумла хотиррасон гардид, ки рӯзи 10- уми октябри соли равон наваскароне, ки аз шаҳри Хуҷанд ба маркази ҷумҳурӣ тавассути қатораи роҳи оҳан интиқол дода мешуданд, дар қаламрави Ҷумҳурии Узбекистон ба садама дучор шуданд. Бар асари аз роҳи оҳан баромада, сарозер шудани чанд вагон 45 нафар сарбозон ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Як нафар дар шифохонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд ҷарроҳӣ карда мешавад ва ҳолати ин сарбоз ҳоло қаноатбахш аст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки барои табобати босифат ва ба ҷойҳои доимии хизмати ҳарбӣ баргардондани ин муҳофизони ояндаи Ватан тадбирҳои судбахш андешанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои роҳ надодан ба чунин садамаву дигар ҳолатҳои нохуш низ пайваста чораандешӣ бояд кард.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






