Аз қабули санади сарнавиштсоз 19 сол сипарӣ мегардад
Душанбе, 29 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар остонаи ин санаи таърихӣ дар Душанбе нишастеро бо иштироки намояндагони вазорату ниҳодҳои марбутаи кишвар доир намояд. Интизор меравад, ки дар нишаст ҳозирин доир ба паҳлуҳои гуногуни аҳамияти қабули ин санади муҳими сарнавиштсоз дар рушди пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи муқаддасоти таърихиву фарҳангӣ ва ормонҳои миллӣ табодули назар хоҳанд кард. Бояд тазаккур дод, ки 19 сол муқаддам, аниқтараш 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ бори нахуст дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дар кишварамон Конститутсия қабул карда шуд. Бо қабули ин санади муҳими сарнавиштсози таърихӣ саҳифаи наве дар ташаккули низоми муосири давлатдории тоҷикон боз шуд. Бо қабули ин санади тақдирсоз майлу иродаи мардуми Тоҷикистон дар робита ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ муайян гардид. Аз ҳама муҳим ин аст, ки ин иқдоми таърихӣ андешаҳои ботили бадхоҳони миллати тоҷикро, ки ба қудрату тавоноии мардуми тоҷик барои зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифтан шубҳа мекарданд, барбод дод. Соли равон мардуми тоҷик ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва умед ба фардои неку дурахшон дар фазои амну субот, дӯстиву рафоқат ва ҳамраъйӣ истиқбол мегиранд. Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Тоҷикистон ба рӯзи чоршанбе, 6 ноябр рост меояд, ки ҳамзамон дар ин рӯз дар кишварамон чорабинии муҳими дорои аҳамияти сиёсию давлатӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






