Бақайдгирии 3 номзади дигар ба мансаби Президентӣ
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 10 октябри соли равон ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаи ба қайд гирифтани номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар маҷлис зикр шуд, ки ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қарори Анҷумани Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба пешбарии номзадии Ғаффоров Абдуҳалим, қарори Анҷумани Ҳизби Демократи Тоҷикистон оид ба пешбарии номзадии Исмонов Саидҷаъфар, қарори Анҷумани Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон оид ба пешбарии номзадии Талбаков Исмоил ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида буданд.
Рӯзи 8 октябри соли 2013 Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, 9 октябр Ҳизби Демократи Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳо ва маводи зарурӣ, аз ҷумла бланкаҳо бо имзоҳои интихобкунандагон оид ба дастгирии номзади пешбаригардидаро ба КМИР пешниҳод намуданд.
Маводи пешниҳодгардида аз ҷониби масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар натиҷа маълум гардид, ки ҳуҷҷатҳо ва маводи пешниҳодшуда ба талаботи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошанд.
Бо назардошти ин, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз 10 октябри соли 2013 Ғаффоров Абдуҳалим, Исмонов Саидҷаъфар ва Талбаков Исмоил ҳамчун номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамзамон 15 нафарӣ шахсони боэътимод, ки барои бақайдгирӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод гардида буданд, ба сифати шахсони боэътимод барои гузаронидани маъракаи интихоботии номзадҳо, ташвиқот бурдан ва ҳимояи манфиатҳои номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






