Ба истифода додани бинои нави беморхонаи бачагона дар Истаравшан

Октябрь 10, 2013 10:57

Хуҷанд, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан бинои шуъбаи бачагонаи беморхонаи марказии шаҳрро мавриди истифода қарор дод. Қоҳир Расулзода зимни боздид аз дохили бино ба корҳои сохтмонии ин муассисаи тиббӣ баҳои баланд дод. Раиси вилоят ҳамчунин зимни суханронии худ дар ҳузури табибони истаравшанӣ, зикр намуд, ки бо ба истифода қарор гирифтани ин бино 100 нафар табиб бо ҷои кор таъмин мегардад. Бинои шуъбаи бачагонаи беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан дар заминаи бинои маркази солимии репродуктивӣ навсозӣ гардидааст. Корҳои сохтмонии ин бино соли 1983 оғоз ёфта, корҳои сохтмонӣ бо сабабҳои гуногун қатъ гардидаанд. Он ҳамакнун бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо харҷи 3 миллион сомонӣ навсозӣ шудааст. Дар ин бино шуъбаҳои соматикӣ, ҷарроҳии бачагона ва эҳёи бачагона бо фарогирии 130 кат ҷойгир шудаанд. Фармоишгари ин иншооти тиббӣ Идораи сохтмони асосии вилоят буда, пудратчии он ҶДММ «ДСМ-18» мебошад.

Октябрь 10, 2013 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш