Ба кадом шахсон қурбонӣ кардан воҷиб аст?

Октябрь 9, 2013 13:39

   Душанбе, 9 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Рӯзи сешанбе- 15 октябри соли 2013-и мелодӣ  мусулмонони Тоҷикистон чун дигар мусулмонони ҷаҳон Иди саиди  Қурбонро  таҷлил менамоянд. Санаи таҷлили Иди Қурбон дар ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Саидмукаррам Абдулқодирзода- раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон  бо иштироки кормандони масъули дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Кумита оид ба корҳои дин, имомхатибони масҷидҳои ҷомеи марказии навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе доир гардид, мушаххас шуд. Вақти баргузории намози Иди Қурбон дар тамоми масҷидҳои ҷомеи марказии кишвар соати 7:30 дақиқаи рӯзи сешанбе муқаррар гардид. 
                 Назар ба иттилои Атовуллоҳи Қосим- сухангӯи Шӯрои уламои кишвар санаи таҷлили Иди Қурбон тибқи ҳисоби илмӣ ва эҳҷазабуд муайян гардидааст. Иди Қурбон яке аз ду иди бузурги мусулмонони дунё буда, баъд аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди саиди Фитр ё худ Рамазон дар рӯзи даҳуми моҳи Зулҳиҷҷа таҷлил  мешавад.
                Ба кадом шахсон қурбонӣ кардан воҷиб аст? Дар посух ба ин савол намояндаи масъули Маркази исломии Тоҷикистон гуфт:  шахсоне, ки молашон ба нисоб расидааст  ё худ беш аз 3000 $ зиёдатӣ доранд, яъне дороанд,  қурбонӣ кардан ба онҳо воҷиб аст. Шахсоне, ки камбизоатанд ё ин ки қарздор ҳастанд,  қурбонӣ кардан ба онҳо воҷиб нест. Барои қурбонӣ чорвои фарбеҳ ва бе нуқсу иллат, аз ҷумла буз,  гӯсфанд, гов ва уштурро харидорӣ карда, онро баъди  анҷоми намози Иди Қурбон забҳ менамоянд. Гӯшти моли қурбониро ба се қисм тақсим намуда, як қисми онро ба ҳамсоягон, қисми дуюмро ба камбизоатон ва қисми саввумро ба хешу табор дар шакли хӯрок  ва ё пораи гӯшт тақсим менамоянд. Як гов ё як уштурро 7 нафарӣ дар шакли дастаҷамъона метавонанд  қурбонӣ намоянд. Таърихи иди саиди Қурбон ба он рабт дорад, ки аз ҷониби Худованд ба Ҳазрати Иброҳим алайҳи салом амр мешавад, ки бояд фарзандаш Исмоил алайҳисаломро, ки ҳамагӣ 12-13 сол дошт,  қурбонӣ намояд. Ҳангоме, ки Иброҳим алайҳисалом ҷигарбанди худ Исмоилро ба қурбонгоҳ мебарад ва мехоҳад қурбонӣ намояд, дар ин асно бо амри Илоҳӣ тавассути Ҳазрати Ҷабраил алайҳисалом аз ҷаннат гӯсфанде фиристода мешавад, то онро қурбонӣ намоянд.
      Инчунин яке аз фазилатҳои Иди Қурбон дасти кӯмак расонидан ба ятимону бапарасторон ва дигар ашхоси ниёзманд аст. Дар робита ба ин дар ҷаласа раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ  ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеи марказии кишвар дастур дод, ки дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба расонидани кӯмак ба эҳтиёҷмандону ятимон, ҷилавгирӣ аз исрофкорӣ дар мавриди оростани хони идона, баланд набардоштани нархи маҳсулот дар бозору дӯконҳо аз ҷониби фурӯшандаҳо ҷалб намуда, худашон бояд  намунаи ибрат бошанд. 

Октябрь 9, 2013 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид