Ба Кодекси андоз тағийру иловаҳо ворид мегардад

Октябрь 14, 2013 10:44

 
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ояндаи наздик  Палатаи поёнии Парлумон Тоҷикистон ба Кодекси андози ҷумҳурӣ тағйиру  иловаҳо ворид месозад. Дар робита ба ин масъалаи мазкур 14 октябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат доир гардид, матраҳ шуд.
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мазкур бо мақсади аниқ намудани муқаррароти он ба муқаррароти дигари Кодекси андози  кишвар барои дастгирии андозсупорандагон пешниҳод гардидааст. Дар он таклифҳои андозсупорандагон, мақомоти андоз ва гумрук ба инобат гирифта шудаанд. Лоиҳаи қонуни мазкурро тамоми кумитаҳои  Маҷлиси намояндагон баррасӣ намуда, 55 таклифу дархост ироа намуданд, ки 52-тои он пазируфта шуд. 
   Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба  Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳокима гардиданд.

Октябрь 14, 2013 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш