Бахши хусусии Тоҷикистон ба СУС муаррифӣ мешавад

Октябрь 17, 2013 11:21

Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Фарзона  Достонзода). –  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон дар  ҳошияи  татбиқи  лоиҳаи   аз масоили  Созмони умумиҷаҳонии  савдо  бештар  воқиф  гардидани аҳли  тиҷорат якҷоя бо  Маркази  байналмилалии  савдо дар   шаҳрҳои  Душанбе,  Қӯрғонтеппа  ва  Хуҷанд барои  бахши  хусусӣ   якчанд  семинар  доир менамояд. 
 
Дар  ҷараёни  семинарҳо масоили  марбут ба мақоми  Созмони  умумиҷаҳонии  савдо  дар   раванди   савдои  ҷаҳонӣ ва  принсипҳои  асосии  Созмони умумиҷаҳонии  савдо  инъикос  дода  мешаванд. Ҳамчунин  раванди  ворид  шудани  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Созмони  умумиҷаҳонии  савдо  ва  ӯҳдадориҳои  Тоҷикистон  аз  рӯи   дастрасӣ  ба  бозори  амволу   хидматрасонӣ ва  ҳалли    баҳсу  мунозираҳои тиҷоратии  байналмилалӣ ҷамъбаст   карда  мешавад. 
 
Тавре  ки  аз  Маркази  савдои  байналмилалӣ хабар  доданд,  семинарҳоро   коршиносону  мутахассисоне  доир  менамоянд, ки  дар  раванди воридшавии  Тоҷикистон  ба  Созмони  умумиҷаҳонии  савдо  мустақиман   ширкат  доштанд. 

Октябрь 17, 2013 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад