Барқияи шодбошӣ ба Президенти Туркманистон Гурбогулӣ Бердимуҳаммедов
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбогулӣ Бердимуҳаммедов барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:«Муҳтарам Гурбонгулӣ Мяликулиевич,Ба муносибати таҷлили солгарди истиқлолияти Туркманистон табрикоти гарму самими маро қабул фармоед.Тоҷикистон ба сатҳи кунунии равобит бо Туркманистон, ки дар солҳои охир ба таври назаррас рушд меёбанд, баҳои баланд медиҳад.Мутмаинем, ки бо талошҳои муштарак равобити дуҷонибаи дар асоси суннатҳои таърихӣ ва дӯстӣ бунёдёфта ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди худро тақвият медиҳем. Мехоҳам ба Шумо итминон диҳам, ки ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи созишномаҳои мо, ки ба рушду таҳкими минбаъдаи равобити дуҷониба нигаронида шудаанд, аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мекунад.Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона ба Шумо, Гурбонгулӣ Мяликулиевич сиҳатии комил, дар татбиқи нақша ва ниятҳоятон, ки ба рушди Туркманистон ва таҳкими мавқеи байналмилалии он равона гардидаанд, муваффақиятҳои бузург ва ба халқи бародари туркман пешрафту шукуфоиро таманно дорам».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






