Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул
Душанбе, 29 октябр (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:«Ҷаноби Олӣ, Бародари азиз,Сарфарозам, ки Ҷаноби Олӣ ва дар шахси Шумо давлат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Туркияро ба муносибати фаро расидани солгарди Иди миллиатон самимона табрик намоям.Ҷумҳурии Тоҷикистон, мисли пешина, мӯътақид аст, ки ҳамкории васеъ ва мутақобилан судманди бунёдии ду кишвари дӯст на фақат ҷавобгӯи манфиатҳои миллии онҳо, балки омили муҳими суботу истиқрор ва пешрафти минтақа мебошад.Мутмаинам, ки дар оянда низ ба хотири пешрафти ин раванди созанда ҳар ду ҷониб саъю эҳтимом ва кӯшишҳои пайвастаи хешро дареғ нахоҳанд дошт.Бо ибрози таманниёти беҳтарини пешрафту шукуфоӣ ба мардуми дӯсти Туркия, ба бародари азизам, ҷаноби Президент, сиҳатии комил, хушрӯзӣ ва дастовардҳои навин хоҳонам».








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






