Бародарон Раҳмоновҳо ҷонибдори Эмомалӣ Раҳмонанд
Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – Чанде пеш хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сокинони куҳансоли деҳаи Арчаи ноҳияи Фархор бародарон Абулазиз ва Муҳаммадазим Раҳмоновҳо сӯҳбат дошт.
Абдулазиз Раҳмонов дар мавриди интихоботи пешорӯи президенти ҷумҳурӣ дахл карда, гуфт, ки рӯзи интихобот ҳамроҳи бародараш ва ҳамаи аъзои оилааш ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳад.
Абдулазиз Раҳмонов илова намуд, ки бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар шаҳри Душанбе бахшида ба зодрӯзи асосгузори мазҳаби Ҳанафия Имом Абу Ҳанифа Конфронси илмии байналмилалӣ баргузор гардида буд. Конфронс ба таҳкими пояҳои мазҳаби Ҳанафия байни мусулмонон мусоидат намуда, пайравони ин мазҳаб ба мақсаду моҳияти он хубтар сарфаҳм рафтанд.
Ғайр аз тайи солҳои Истиқлолият Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки як қатор масоили иҷтимоию иқтисодиро ҳал намояд. Дар натиҷаи фаъолияти пурҷӯшу хурӯши президенти кишвар имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат пешравию натиҷаҳои дилхоҳ мушоҳида мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






