Баррасии дурнамои ТҶММ ҶТ

Октябрь 22, 2013 09:22

Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — 25 октябри соли равон дар Душанбе ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти 9-моҳаи Ташкилоти Ҷамъияти мададгори мудофиаи ҶТ (ТҶММ ҶТ) баргузор мегардад. Дар он раисони зерсохторҳои ташкилот дар қаламрави ҷумҳурӣ иштирок намуда, дар бораи корҳои анҷомдодаашон ҳисобот хоҳанд дод. Зимни ҷаласа бештар ба масъалаҳои тайёрии тодаъватии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ба роҳ мондани тадбирҳои оммавӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон, инчунин рушди намудҳои техникию варзишӣ таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир хоҳад гашт. Тавре ки котиби матбуотии ТҶММ ҶТ Абдурақиб Қодиров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, бар замми ин дар ҷаласа дурнамои фаъолияти соҳа мушахас мегардад.

Октябрь 22, 2013 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш