Баррасии лоиҳаҳои экологӣ миёни Тоҷикистону Олмон

Октябрь 26, 2013 10:15

Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Рўзҳои 22-23 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе вохўрии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон баргузор гардид. Дар вохўрӣ тарафҳо ба ҳалли масъалаҳои экологӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Дар вохӯрӣ лоиҳаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тавассути бунёд ва барқароркунии ҷангал баррасӣ гардиданд.Бо ин мақсад гуруҳи кории байниҳукуматӣ бо татбиқи яке аз лоиҳаҳо дар ноҳияҳои Фархор шинос шуда, ба мавқеи ҷудогардида барои бунёди ҷангал баҳои баланд дод. Тибқи пешниҳоди комиссияи байниҳукуматии Олмон лоиҳаи мазкур дар ВМКБ ва ноҳияҳои Ховалингу Фархор амалӣ мегарданд. Тарафи Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки лоиҳаи мазкур дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Панҷакент низ амалӣ гардад. Пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз тарафи комиссияи ҳукуматии Олмон пазируфта шуда, дар санади ҷамъбастии кори комиссияи байниҳукуматӣ дарҷ гардид.

Октябрь 26, 2013 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш