Баррасии масоили ҳуқуқи занон дар Женева
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Рӯзи 9 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария Маърӯзаи миллии даври чорум ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи табъиз нисбат ба занон”дар доираи ҷаласаи 56-уми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон баррасӣ гардид. Дар ҷаласаи мазкур намояндагони ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқи Конвенсияи мазкур дар ҷумҳурӣ, дастовардҳо ва мушкилоти дар ин самт ҷой дошта сухан гуфтанд.
Дар ҷаласаи мазкур аз тарафи коршиносони байналмилалӣ доир ба масъалаҳои зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон, қолабҳои кӯҳнашуда оид ба ҳуқуқҳои занону духтарон, ҳуқуқ ба меҳнат, ҷалби занон ба идораи давлатӣ, вазъи занону кӯдакони маъюбу пиронсол ва дигар масъалаҳо ба намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳои пешниҳод гардида, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки баррасии масъалаи мазкур аз тарафи коршиносони миллию байналмилалӣ баҳои хуб гирифта, дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт махсус зикр шуд.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






