Баррасии таъсиси филиали Донишгоҳи энергетикаи Маскав дар Душанбе

Октябрь 30, 2013 16:40

Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Имрӯз роҳбарияти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Донишкадаи энергетикаи шаҳри Маскав мулоқот анҷом доданд.Тавре ки дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои фаъолияти филиали Донишгоҳи энергетикаи Маскав дар Душанбе ва таъсиси Маркази курсҳои омодакунӣ ва такмили мутахассисони соҳаи энергетикаро баррасӣ карданд.Ҳамчунин мусоҳибон дар ҷараёни мулоқот таҷҳизонидани филиали мазкур бо базаи моддию техникӣ ва гузаронидани корҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро дар корхонаҳову муассисаҳои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Октябрь 30, 2013 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш