Беҳбудии некӯахволӣ аз тариқи идораи интегратсионӣ
Кӯлоб, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар чаҳорчӯби Барномаи «Ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи куҳистон дар шаҳри Кӯлоб» конфронси миллӣ доир ба беҳдошти муҳити зист таҳти унвони «Беҳбудии некӯаҳволӣ аз тариқи идораи интегратсионӣ ва пойдории захираҳо» баргузор шуд.Қабл аз оғози қисмати асосии конфронс дар даромадгоҳи толор намоишгоҳи таҷҳизоту масолеҳи сохтмонӣ барои нигоҳдории гармӣ дар хонаҳо ва иншооти ҷамъиятӣ, макети иншооти обтаъминкунӣ ва дигар тачҳизоту лавозимоте, ки дар ин барнома истифода шудаанд, доир шуд. Дар конфронс суҳбату баҳсу мунозираҳо дар мавзуъҳои марбут ба беҳдошти муҳити зист дар мавзеъҳои баландкуҳи минтақа, инчунин вобаста ба Стратегияи барномаи «Ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи куҳистон барои солҳои 2011-2015» баррасӣ гардиданд.
Дар конфронс зикр гардид, ки беҳбудӣ бахшидан ба даромад ва шароити зиндагӣ дар манотиқи деҳот дар Хатлон тавассути идораи захираҳои табиӣ ва беҳбуд бахшидан ба муҳити зист барномаи намунавии таҷрибавӣ дар ин минтақа ба ҳисоб меравад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






