Беҳтар гардидани шароити таҳсил дар Восеъ

Октябрь 26, 2013 10:11

Восеъ, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Бо дастгирии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъмир ва навсозии хобгоҳи мактаб-интернати хонандагони лаёқатманди ноҳияи Восеъ моҳи июни соли ҷорӣ оғоз гардида, баъди ба анҷом расидани таъмир ҷои зисти хонандагон бо тамоми ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз гардид. Маблағгузории корҳои таъмирӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони дастгоҳи Ҳукумати ҶТ таъмин гардида, маблағи умумии он беш аз 4 млн. 600 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар айни ҳол дар мактаб – интернат 285 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки 120 нафари он ба хобгоҳ таъминанд. Аксари хонандагон истиқоматкунандагони ноҳияҳои Муъминобод, Шӯрообод, Ховалинг,Балҷувон ва дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб мебошанд.

Октябрь 26, 2013 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш