Бепарвоии ронандагон нисбат ба аломатҳои роҳ
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар, Л. Қосимова).- Аз аввали соли ҷорӣ то ба имрўз дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 1190 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 373 нафар ба ҳалокат расида, 1320 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. Аз 21 то 27 октябри соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 30 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 10 нафар ба ҳалокат расида, 36 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.Ба иттилои Раёсати Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ дар роҳҳои мошингард баҳри риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аломатҳои роҳ насб шуда бошанд ҳам, ронандагон нисбат ба ин аломатҳо бепарвоӣ зоҳир менамоянд, ки оқибати он ба ҳодисаи нохуш оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз Раёсати БДА ВКД аз тамоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ҳоҳиш ва талаб менамояд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






