БИР барои обёрии заминҳои Данғара қарз медиҳад
Душанбе, 21 сентябр.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).-Лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016»-ро имрӯз аъзои Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласае, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, муҳокима карданд. Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» матраҳ гаштанд. Инчунин масъалаҳои марбут ба Созишномаи мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба дастгирии лоиҳаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд «Қарз ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» дар меҳвари муҳокимаи аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон қарор доштанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






