Боздиди нозирони САҲА аз Тавилдара
Душанбе, 23 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Омодагӣ ҷиҳати баргузории интихоботи қарибулвуқуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тавилдара, ки яке аз навоҳии дурдасти куҳистон дар шарқи кишвар аст, дар сатҳи баланд ва муташаккилона ба роҳ монда шудааст, гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Сафарбек Шарифов -раиси ҳавзаи интихоботии Тавилдара №12. Мавсуф зикр кард, ки дар ҳавзаи интихоботӣ беш аз 10 нафар, ки кормандони бахшҳои гуногуни ноҳияанд, фаъолият доранд. Дар ноҳия 37 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст, ки дар онҳо тамоми шароит барои иштироки интихобкунандагон дар интихоботи Президентӣ, ки 6 ноябр баргузор мегардад, фароҳам оварда шудааст.
Теъдоди интихобкунандагон дар ноҳияи Тавилдара 9 ҳазору 595 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 1248 нафар бори аввал дар интихобот иштирок менамоянд. Ҳамзамон 1176 нафар сокинони ноҳия, ки дар муҳоҷирати меҳнатианд дар хориҷи кишвар раъй хоҳанд дод.
Раиси ҳавзаи интихоботии Тавилдара №12 мегӯяд, ки чанде пеш ду мушоҳиди дарозмуддат аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ — Ханс Дисет ва Бенте Расмуссен /Дания/ аз ҳавза ва участкаҳои интихоботии ноҳия боздид намуда, бо шароит ва сатҳи омодагии ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ шинос гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






