Боздиди Сергей Нарышкин аз ДСРТ
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Анна Мощенко). – 7 октябр раиси Думаи Давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия Сергей Нарышкин аз Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дидан кард.Хотирнишон месозем, ки Сергей Нарышкин барои боздиди расмӣ аз 6 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур дорад.Сергей Нарышкин зимни суханрониаш ҳамкории судманди ҳар ду кишварро дар бахшҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳарбию техникӣ иброз дошт. Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси федералии Русия пешниҳодро дар бораи бунёди бинои нави донишгоҳ дастгирӣ намуда, ваъда дод, ки барои ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе меояд.Дар анҷоми ин чорабинӣ ба Сергей Нарышкин барои фаъолияти бисёрсолааш дар таҳкими ҳамкории байни кишварҳоямон дипломи доктори фахрӣ супорида шуд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






