Бозии «Истиқлол» ва «Энергетик» дуранг шуд
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар»).- 26 октябр се бозии даври 18 – уми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни лигаи олӣ баргузор шуд.Дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе вохурии дастаҳои «Истиқлол» ва «Энергетик» бо ҳисоби сифр бар сифр ба охир расид.Дастаи «Истаравшан» дар майдони худ дастаи «Хуҷанд» — ро қабул кард. Ин вохурӣ бо ҳисоби ду бар сифр ба фоидаи дастаи «Хуҷанд» анҷом ёфт.Дастаи «Хуҷанд» баъди ин ғалаба 17 хол ба даст оварда, ҳоло дар ҷадвали мусобиқот ҷойи панҷумро ишғол менамояд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа дастаҳои «Вахш» ва «Парвоз» қувваозмоӣ намуданд. Вохурӣ бо ҳисоби як бар як анҷом ёфт. Бозии даври 18 – уми байни дастаҳои «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб ва ЦСКА «Помир» — и шаҳри Душанбе ба рӯзи 7 ноябр гузаронида шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






