Британия фурудгоҳҳои Тоҷикистонро истифода мекунад
Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Британияи Кабир низомиён ва муҳимоти ҳарбии худро ҳангоми хуруҷ аз хоки Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон интиқол медиҳад. Дар робита ба ин вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба таъмини транзити амволи низомӣ ва афсарон аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар иштироки қӯшунҳои мусаллаҳи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар саъю талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба эътидоловарӣ ва барқаррорсозии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба тасвиб расонданд.
Сайфулло Гиёев-вакили Маҷлиси намояндагон гуфт, ки санади мазкур аз ҷониби Президенти кишвар ҷиҳати тасдиқ ба Парлумони Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Созишнома 18 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, он аз муқаддима ва 12 модда иборат аст. Созишнома тартиби татбиқи транзити амволи низомӣ ва афсарони бритониро ҳангоми хуруҷ аз хоки Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон ба танзим медарорад.
Дар асоси ин Созишнома Британияи Кабир имкон дорад ҷиҳати интиқоли низомиён ва техникаю муҳимоти ҷангии худ аз қаламрави Афғонистон фурудгоҳҳои Тоҷикистонро дар доираи уҳдадориҳояш истифода намояд. Интиқоли техникаю муҳимоти ҷангӣ ва низомиёни Британию Кабир тавассути қаламрави Тоҷикистон аз хоки Афғонистон бо риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва гумрукию марзии Тоҷикистон ҷараён гирифта, дар раванди интиқоли низомиёни худ Британия уҳдадор аст, ки ба корҳои дохилии кишварамон дахолат накунад, чунин омадааст дар санади мазкур.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






