Буҷети давлатии соли 2014 хусусияти иҷтимоӣ доштааст
Душанбе, 19 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 хусусияти иҷтимоӣ дошта, танҳо барои бахши иҷтимоии кишвар 6 миллиарду 143,1 миллион сомонӣ равона мешавад, ки ин дар қиёс ба соли 2013-ум 1 миллиарду 240,3 миллион сомонӣ зиёд аст. Ин матлаб зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» дар ҷаласаи Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Амиршо Миралиев-муовини аввали раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон доир гардид, зикр шуд. Амиршо Миралиев роҷеъ ба баъзе хусусиятҳои муҳим ва фарқкунандаи лоиҳаи қонуни мазкур дар муқоиса ба лоиҳаҳои қонунҳои қаблан қабулнамуда, ибрози назар кард. Мавсуф гуфт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» чун қонунҳои солҳои қаблӣ, пеш аз ҳама, барои иҷрои супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, таҳия гардидааст. Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» ҳамзамон афзалиятҳои сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон, иҷрои сифатнок ва саривақтии стратегия, консепсия ва барномаҳои ҳукуматии дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дархостҳои аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба инобат гирифта шудаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






