Бунёди осоишгоҳи «Чилдухтарон» дар Муъминобод
Муъминобод,12 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Ба иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод Сафаралӣ Назаров корҳои сохтмонӣ дар ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар афзуда, иншоотҳои ба итмомрасида бо тамоми тачҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Дар ин давра беморхонаи марказӣ барои 210 кат, бинои маъмурии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, 3 адад бунгоҳи тиббӣ,корхонаи мевахушккунӣ ва дигар корхонаҳои хурди саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуда, дар айни ҳол сохтмони 35 иншооти дигар бо суръат идома дорад. Мувофиқи нақшаи дурнамо бунёди осоишгоҳи «Чилдухтарон» ва якчанд иншооти хурду бузург дар ноҳия ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда ба истифода дода мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






