Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Таъсиси Иттиҳоди бонкҳо
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Ҳукуматдорони Аврупо таъсиси Иттиҳоди бонкҳоро дастоварди нави соҳа арзёбӣ менамоянд. Бонкҳое, ки дороии онҳо аз 30 миллиард евро бештар аст, таҳти назорат қарор хоҳанд гирифт, зеро ин бонкҳо 20 дар сади Маҷмўи маҳсулоти дохилии кишварҳои худро таъмин менамоянд.
Гумруки Арманистон
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Арманистон барномаи муқаддамотӣ барои пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ бо роҳбарии Русияро қабул кард. Бар асоси ин барнома, қарор аст, то чанд рӯзи дигар гуруҳҳои корӣ ва комиссияи ҳамоҳангсоз таъсис шавад. Тамоми асноди лозим барои пайвастани Арманистон ба Иттиҳоди гумрукӣ бояд то рӯзи 10-уми октябр омода шавад.
Ширкати Жан-Мари ле Пен
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки расонаҳои хабарии Аврупо менависанд, Жан-Мари ле Пен, сиёсатмадори фаронсавӣ ва вакили Парлумони Аврупо дар интихоботи парлумонии соли 2014-и ин иттиҳод ширкат хоҳад кард.
Изҳороти Роберт Гейтс
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Роберт Гейтс, собиқ вазири мудофиаи Амрико изҳор доштааст, ки ҳамлаи низомии Амрико ба Сурия монанди «Рехтани сӯзишворӣ дар оташи бисёр аланга гирифта дар Ховари Миёна мебошад».
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






