Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Октябрь 10, 2013 15:53

      
Ҳамла ба бонк 
  Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Тавре ки дар торномаи интернетии www.Russian to day навишта шудааст, дар минтақаи Кирови вилояти Самараи Федератсияи Русия як нафар шахси ҷинояткор ба бонк даромада, аз тариқи таппончаи пневматикӣ  ба хазинадор таҳдид   намудааст. Ба гуфти роҳбари бонк ҷинояткор  1-миллион рублро гирифта, аз ҷои ҳодиса панаҳ бурдааст.  Дар айни замон кормандони полис ҷинояткорро ҷустуҷў доранд. 
                                               Тӯфони шадид дар Амрико
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Феникси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тундбоду  тўфон бархост. Суръати шамол 100 километр дар як соатро ташкил дода,  хатҳои интиқоли нерўи барқу алоқаро хароб намуд. Дар натиҷа  20 ҳазор манзили зист  аз истифодаи нерўи барқу алоқа бенасиб монд. Дар фурудгоҳи маҳаллӣ парвози даҳҳо ҳавопайморо мавқуф гузоштанд. Ба иқрори шоҳидон фазои шаҳрро  абри тираи ғуборолуд  фаро печида, дидани роҳро ҳатто аз наздиктарин фосила  ғайриимкон гардондааст.
 
Бофтаҳои пўсти инсон
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Аввалин  маротиба роҳи ба бофтаҳои дил табдил додани бофтаҳои пўсти инсонро олимони  соҳаи тибби Исроил амалӣ намуданд.  Табибон бофтаҳои 2 нафар маризи  дилро ба маҳлули махсус омехта намуданд, ки натиҷаи он инкишофи босуръати ин бофтаҳо гардид. Дар  ниҳояти ҳол он  ба бофтаҳои солими девораҳои дил монанд шуд.  Ба  бовари табибон ин дастовард дар кори табобати бемориҳои вазнини дилу рагҳои хунгард таккони ҷиддиеро ба миён хоҳад овард.   
 
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ 

Октябрь 10, 2013 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд