Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Фурӯ рафтани пул Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Наздики 20 нафар аз кормандони мақомоти Ҳиндустон баъд аз ҳодисаи фурӯ рафтани пул, ки боиси марги 115 нафар гардид, аз вазифа сабукдӯш гардиданд. Гуфта мешавад барои ҷашнвораи Дурга- Пуҷа 50 ҳазор нафар гирд омада буданд. Аз ин миқдор 25 ҳазори онҳо болои пуле будаанд, ки дар наздикии ибодатгоҳ қарор доштааст.
Хисорот дар Амрико
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар охирин лаҳзаҳои вақти муайян шуда, барои сар задани варшикастагии Амрико, қонуннависони ин кишвар қонуни нави буҷаро қабул намуданд. Санади мазкур вазъи молиявии Амрикоро то 15-январи соли 2015 танзим мекунад ва ба ин кишвар имконият медиҳад, ки то 7-уми феврали соли оянда қарзҳои худро пардохт намояд. Аммо Барак Обама гуфтааст, таътили дуҳафтаинаи давлат боиси ворид шудани хисороти зиёд ба Амрико шудааст.
Изҳороти Президенти Венесуэлло
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Венесуэлло Николас Мадуро изҳор доштааст, ки фақру бенавоиро дар ин кишвар то соли 2019 пурра аз байн хоҳад бурд. Тӯфони шадидДушанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Бештар аз 120 ҳазор шаҳрванди қисми марказии Ветнам бинобар таҳдиди тўфони Нари ба ҷойҳои бехавф кўчонида шуданд. Тибқи назари мутахассисони ҳавошинос мавсими сар задани тӯфонҳо дар ин минтақа охири моҳи октябр ба анҷом мерасад.
Иваз шудани номи рӯзномаи Times
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Рўзномаи The New York Times аз ин ба баъд бо номи дигар The International New York Times рўи чоп хоҳад омад. Тавре ки гуфта мешавад, дар зарфи 126 соли мавҷудият маротибаи аввал нест, ки рӯзнома номи худро иваз мекунад.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






