Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Қатли омӯзгор аз ҷониби мактаббача Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Писарбачаи 12- сола дар яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Спаркси штати Невадаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз тариқи силоҳ оташ кушод. Тавре ки маълум шуд, номбурда омўзгори фанни риёзиётро ба қатл расонида, ду ҳамсабақи худро шадидан маҷруҳ намудааст. Табибон вазъи саломатии як тан аз захмиёнро вазнин арзёбӣ мекунанд. Полиси шаҳри Спаркс иттилоъ медиҳад, ки қотил баъди анҷоми амали нангинаш даст ба худкушӣ задааст. Сабабҳои даст ба ин ҷиноят задани писарбача мушаххас карда мешаванд. Боздошти қочоқгаронДушанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Кормандони мақомоти полиси Австралия зимни амалиёт гуруҳи муташаккили қочоқгарони байналмилалиро боздошт намуданд. Ҷинояткорон аз 10 нафар иборат буда, ҳашт тани онҳо шаҳрвандони Канада ва ду каси дигар табааи Австралия мебошанд. Ҳангоми тафтишот аз махфигоҳи ҷинояткорон наздики 2 тонна маводи ифидрин, ки барои тайёр намудани маводи мухаддир истифода мешавад, дарёфт ва мусодира гардид. Нархи ин миқдор маҳсулоти марговар дар бозори сиёҳ 300 миллион долларро ташкил медиҳад. Гирдбоди сахт дар ФаронсаДушанбе, 25 октиябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Баэли қисми шимолии Фаронса гирдбоди сахт ба амал омад. Офати табиӣ боми чанд бинои баландошёна ва манзилҳои зисти сокинонро вайрону валангор кард. Вазиши шамоли сахт дарахтонро решакан намуда, ба канда шудани ноқилҳои барқу алоқа боис гардид. Дар пайи офати табиӣ ҳамзамон ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳҳои минтақа мушкил шудааст. Вазиши шамол садҳо нафар сокинони шаҳри Баэлро аз истифодаи нерўи барқ маҳрум сохтааст. Дар айни замон бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар минтақа идома дорад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






